СММ ба сокинони Тоҷикистон кӯмак мекунад
Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид бинобар сарду тӯлонӣ омадани фасли зимистони соли ҷорӣ барои 80 ҳазор нафар шахсони осебпазири сокини ҷойҳои аз ҷиҳати амнияти озуқавӣ номусоиди Тоҷикистон ба овардани маводи озуқавӣ шурӯъ мекунад.«Дар чаҳорчӯбаи барнома ба шахсоне, ки зимистони сарду тӯлониро аз сар гузаронидаанд, кӯмак расонида мешавад. Миллионҳо нафар сокинони Тоҷикистон маҷбур буданд, ки фасли зимистон ҷиҳати хариди сӯзишворӣ барои гарм кардани хонаҳояшон маблағи зиёдеро сарф кунанд. Мардуми зиёде имконияти ба даст овардани миқдори кофии маводи ғизоиро надоранд», — зикр намуд директори Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи СММ Алзира Феррейра.Назар ба хабари созмони мазкур, кӯмаки якдафъагӣ иборат аз вояи думоҳаи озуқа, аз қабили орд, равғани растанӣ нахӯд ва намаки йод кардашуда мебошад. Маводи озуқавӣ дастраси сокинони водии Рашт ва вилоятҳои Суғду Хатлон мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






