Соҳилҳои Панҷакент мустаҳкам мешаванд

Апрель 9, 2012 16:19

Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Суғд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент баҳри аз офатҳои табиӣ пешгирӣ намудани манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва заминҳои корам табдирҳои амалӣ меандешанд.Дар айни ҳол корҳои аз қуму санг тоза намудани 9 сойи селрави калон — Сойи Зебон, Амондара, Хушҳалвоӣ, Зиддӣ, Мазор, Дупула, Навобод, Ҳавзак аз тарафи ташкилоту муссисаҳо ва хоҷагиҳои аҳолӣ муташаккилона давом дорад.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар муддати кӯтоҳ дар ин сойҳо бояд 9 ҳазору 500 метр саддҳои мустаҳкамгардонӣ сохта шаванд. Имрӯзҳо бо маблағгузории ҳукуматӣ ба маблағи то 2 миллион сомонӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар садди Ғарибаки ҷамоати деҳоти Хурмӣ ва садди Қумсоёни ҷамоати деҳоти Сӯҷина идома дорад.Бо мақсади мустаҳкам намудани соҳили дарёи Зарафшон ва нигоҳ доштани заминҳои корам аз офат дар ин саддҳо ба масофаи 900 метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба иҷро мерасанд ва дар натиҷа зиёда аз 200 га замини нави корам ба истифода дода мешавад. Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ин саддҳо аз тарафи ҶС КСМ-278 ва идораи «Тоҷикселҳимоя» бо сифати баланд ба роҳ монда шудаанд.

Апрель 9, 2012 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст