«Созандагони Ватан» ва САҲА

Апрель 20, 2012 10:45

Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 19 апрели соли ҷорӣ мулоқоти раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Адҳам Мирсаидов бо мушовири масоили ҳуқуқӣ ва интихоботи дафтари САҲА дар Тоҷикистон Фредерик Рунстен баргузор гардид.Дар мулоқот вобаста ба фаъолияти ташкилоти «Созандагони Ватан», фаъолнокии сиёсии ҷавонон, ҷалби ҷавонон ба ҳизб, иштироки ҷавонон дар маъракаҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ва дигар самтҳо сухан рафт. Аз ҷумла зикр гардид, ки «Созандагони Ватан» новобаста аз созмони навтаъсис буданаш тавонист дар байни ҷавонон ҷойгоҳи худро пайдо ва ҷонибдорону аъзоро қабул кунад. Инчунин доир ба ҷалби ҷавонони деҳот ба корҳои ҷамъиятӣ, маълумотнокии насли ҷавон ва вобаста ба масъалаҳои гендерӣ ибрози назар карда шуд. Дар навбати худ намояндаи САҲА Фредерик Рунстен аз чунин самти кор бо ҷавонони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, зикр намуд, ки рушди арзишҳои демократӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси дастгирӣ буда, САҲА омода аст барои баланд бардоштани маърифатнокии ҷавонон, махсусан ҷавонони манотиқи дурдасти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҷавонони аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони ҲХДТ «Созандагони Ватан» дар ин раванд саҳмгузор бошад.

Апрель 20, 2012 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ маркази савдои муосир ба истифода дода шуд
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Дар Суғд даври вилоятии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Осиё Марказӣ дар Ашқобод иштирок намуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд