Стратегияи ҳамкории Русия ва Осиёи Марказӣ
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Чанде қабл дар шаҳри Екатеринбурги Русия Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Елтсинхониҳои нахуст. Русия ва Осиёи Марказӣ: стратегияи хамкорӣ» баргузор гардид.Дар кори конфронс олимон ва ходимони намоёни ҷамъиятии Русия ва Осиёи Марказӣ, ҳамчунин консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия П.Асоев иштирок доштанд.Тавре ки дар Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конфронс корманди Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Ш.Табаров дар мавзӯи «Муҳоҷирон, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи имрӯзаи рушди Федератсияи Русия» маърӯза кард.Ш.Табаров зимни маърӯзааш аз нуктаҳои асосии стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015 ва Стратегияи миёнамӯҳлати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон коҳиш додани камбизоатӣ нақл кард. Дар ҳуҷҷатҳои зикршуда ба масъалаҳои бозори меҳнат ва танзими равандҳои муҳоҷират таваҷҷӯҳи хоса дода мешавад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






