Сухан аз фарҳанг рафт
Хоруғ, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ барои рушди фарҳанг, ки солҳои охир ба андозае коҳиш ёфтааст, аз роҳу василаҳои гуногун истифода мекунад. Намояндагони мақомот бо созмонҳои ҷаҳонӣ низ вохӯрда ва фикру андешаи онҳоро дар амри беҳбудии кор мефаҳманд. Дар шаҳри Хоруғ чунин вохӯрии раиси вилоят Қодири Қосим бо коршиносони бахши фарҳанги Бунёди Оғохон баргузор гардид. Қодири Қосим изҳор дошт, ки бо вуҷуди муҳайё гардидани шароити ҳаётан муҳим, пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ, баланд гардидани сатҳи маънавиёт ва дониши ақлонии насли наврас, беэътинодии баъзе аз волидайн, ки тақдири фарзандонашонро ба кӯча ҳавола намуда, дар тарбияи зеҳниву ахлоқии насли худ гӯшаи хомӯшӣ ва бепарвоиро ихтиёр намудаанд, вазъи ҷомеаро халалдор месозанд. Ба гуфтаи раиси вилоят, истеъмоли шароби бадсифату заҳролуд, сӯиқасд ба ҷони худ ва аъмоли дигари зишт бояд дастаҷамъона пешгирӣ ва решакан карда, корро минбаъд бояд тавре ба роҳ монд, ки арзишҳои динӣ, баробари арзишҳои миллӣ, сатҳи муайянро касб намоянд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






