Супоришҳои мушаххаси Р. Раҳимов ба кормандони раёсатҳои ВКД
Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо роҳбарият ва кормандони Раёсати тиббӣ ва Комиссияи тиббию ҳарбии Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрӣ намуд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, ҳадафи вохӯрӣ шиносоӣ бо фаъолият ва бурду бохти Раёсати тиббӣ буд. Вазири корҳои дохилӣ зикр кард, ки бояд кормандони Раёсати тиббӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҷиддӣ бошанд ва ба камбудиҳо роҳ надиҳанд. Чунки табиб ба ҳаёти инсон сару кор дорад ва хатои табиб ислоҳнопазир аст. Бояд дар мадди аввал муносибати хуб бо шаҳрвандон гузошта шавад. Дар рафти вохӯрӣ вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов дар назди роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсати тиббӣ вазифаҳои мушаххас гузошт. Аз ҷумла, мубориза бар зидди нашъамандӣ, коррупсия ва майзадагӣ, инчунин ҳолатҳои асабонии кормандони мақомот ба назар гирифта шуда, барои табобати онҳо чораҳои муассир андешида шавад. Ҳамзамон доир ба шароити кории Раёсати тиббӣ ва Комиссияи тиббию ҳарбӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, барои таъмини раёсати мазкур бо асбобҳо, дастгоҳҳо ва таҷҳизоти зарурӣ ва ба охир расонидани сохтмони бинои нави Комиссияи тиббию ҳарбӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






