Тӯҳфаи ИМа ба АНМН

Апрель 13, 2012 13:58

Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 12 апрел дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ маросими аз ҷониби сафорати ИМА дар ҶТ супурдани воситаҳои техникӣ ва нақлиёти автомобилӣ баргузор гардид.Тавре ки аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, директори агентӣ Рустам Назаров ба сафири ИМА дар Тоҷикистон Кенн Гросс изҳори миннатдорӣ карда, гуфт, ки байни Агентии назорати маводи нашъаовар ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ИМА дар бахши мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳамкории судманд роҳандозӣ шудааст, ки асоси онро Созишномаи байниҳукуматии миёни Тоҷикистону ИМА, ҳамчунин Ёддошти байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Маъмурияти назорати риояи қонунҳо дар бораи маводи нашъаовари Раёсати адлияи Иёлоти муттаҳидаи Амрико «Дар бораи ҳамкорӣ бахши маводи нашъаовар» ташкил медиҳанд.Сафири ИМА дар навбати худ самтҳои мусбати ҳамкории байни Сафорати ИМА дар ЧТ ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ёдрас шуда, қайд намуд, ки Ҳукумати ИМА минбаъд ҳам ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶТ кӯмаки техникӣ мерасонад.

Апрель 13, 2012 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад