Т.Салимов дар Конфронси Непал
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). – 6 апрел дар Непал Конфронси байналмилалии кишварҳои кӯҳистон оид ба тағйири иқлим ба кораш шурӯъ намуд. Тоҷикистонро дар ин конфронс раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ Талбак Салимов намояндагӣ мекунад. Дар конфронс масъалаҳои табодули донишу таҷриба дар бахши таъсири тағйири иқлим ба кӯҳсор ва хатарҳои вобаста бо он, ҳамчунин ташаккули муносибати умумӣ ба ҳалли масъалаҳои мушаххаси марбут ба вазъияти кӯҳсор ва воситаҳои мавҷудият мавриди баррасӣ қарор мегиранд.Иштирокдорони конфронс имконияти таҳлили вазъи кӯҳсор ва коҳиш додани ҳаҷми қашшоқӣ дар заминаи муносибати комплексиро муҳокима мекунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






