Тағйири номи деҳоту деҳа ва шаҳракҳои Суғд

Апрель 2, 2012 15:24

Душанбе, 2 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шаҳри Табошари вилояти Суғд ба Истиқлол, шаҳраки КИМ –и шаҳри Исфара ба шаҳраки Нурафшон табдили ном карданд. Дар робита ба ин масъала дар иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд қарори дахлдор қабул гардид. Ҳамзамон тибқи қарори палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ «Оид ба тағйир додани номи шаҳрак, деҳот ва деҳаҳои вилояти Суғд» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Ашт, Мастчоҳ, Спитамен, Конибодом ва Панҷакент номи деҳоти Қистақӯз ба Хистеварз, Қатаған ба Зарзамин ва Уткансой ба Чашмасор, деҳоти Ленинобод ба Чорбоғ, деҳоти Коммунизм ба Зарҳалол, деҳоти Фрунзе ба Сабристон /шаҳри Истаравшан/, деҳоти Ҷарбулоқ ба Ориён, деҳоти Қамишқӯрғон ба Меҳробод /Ашт/, шаҳраки Такалӣ ба Суғдиён, шаҳраки Қуруқсой ба Обшорон, деҳоти Авзикент ба Навбаҳор /Мастчоҳ/, деҳоти Нов ба Турсун Ӯлҷабоев, деҳоти Оқтеппа ба Истиқлол, деҳоти Куркат ба Куруш /ноҳияи Спитамен/, деҳоти Янгиҳаёт ба Ҳаёти нав, деҳаи Қайроғоч ба Ободон /деҳоти Пӯлодон/, деҳаи Янгӣ-Кӯчкакӣ ба Сомониён /деҳоти Р.Ҳамробоев/, деҳаи Тағойқӯчӣ ба Истиқлолият /деҳоти Ғ.Ортиқови шаҳри Конибодом/, деҳаи Ғарибак ба Озодагон, деҳаи Каттақишлоқ ба Хуррамобод, деҳаи Зарангбош ба Зарфишон / деҳоти Хурмӣ/, деҳаи Советобод ба Рукнобод /деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент/ тағйир дода шуд. Инчунин деҳоти Овчӣ ба Ваҳдат ва Калининобод ба Исмоили Сомонӣ, деҳаҳои Кӯчкина ба Нуробод, Кенагас ба Меҳробод, Уртақӯрғон ба Ҳазорчашма, Бешкал ба Панҷбоғ, Чағат ба Гулшан, Иторчӣ ба Истиқлол, Анбаргаз ба Анбарин ва Манғит ба Зароб /деҳоти Муҷун/, деҳаҳои Янгиариқи Поён ба Зарнисор ва Қаробӯин ба Гулобод /деҳоти Ғазантарак/, деҳаи Янгиариқи Боло ба Дархон /деҳоти Калининобод/, деҳаҳои Дам ба Бахт, Хуштоири Ҷар ба Хоҷа Тоҳир, Ҷари Ғуломкуш ба Боғистон, Қизилӣ ба Лолазор, Қийғир ба Шоҳин / деҳоти Яхтан /ва деҳаи Мӯрияк ба Офтобрӯ / деҳоти Росровути ноҳияи Ғончӣ/, деҳаи Қуланбош ба Гулистон, Қазноқ ба Заркор /деҳоти Деҳмой/, Каттадам ба Саричашма, Кичикдам ба Баҳор, Чириқ ба Баҳористон, деҳаи Қайрағоч ба Лолазор /деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов/, деҳаи Холдорқипчоқ ба Ободӣ, деҳаи Қӯшқӯрғон ба Суғдиён, деҳаи Янгиқӯрғон ба Навкент, деҳаи Қарабчӣ ба Гулистон, Тавоқбулоқ ба Чашма, Қуллиқӯтан ба Ҳисор /деҳоти Янгиқӯрғон/, деҳаи Бӯраген ба Фирдавсӣ, деҳаи Ҷарқӯтан ба Турсунзода, Қаерма ба Ваҳдат, Ишқилӣ ба Бўстон, Кенгкӯл ба Истиқлол, деҳаи Ӯрохлӣ ба Темурмалик /деҳоти Шаҳристон ноҳияи Шаҳристон/ номгузорӣ карда шуданд.

Апрель 2, 2012 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд