Тағйирот ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»
Душанбе, 2 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад. Масъалаи мазкур 2 апрел дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ муҳокима гардид. Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамчунин масъалаи доир намудани муҳокимаи ошкорои парлумонӣ доир ба «Иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010 – 2011 вобаста ба татбиқи Барномаи ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2012»-ро баррасӣ карданд. Бархе аз масъалаҳои муҳокимашуда барои қабул ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки қарор аст 4-уми апрел баргузор гардад, пешниҳод шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






