Тағйирот дар буҷаи пойтахт
Душанбе, 20 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар иҷлосияи нӯҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҷониби вакилон ба буҷаи пойтахт барои соли 2012 тағйирот ворид гардид. Дар асоси он буҷаи шаҳри Душанбе аз рӯи даромад ва хароҷот ба маблағи 4 291150 сомонӣ зиёд карда шуд, ки ин маблағ иловатан барои таъмири роҳҳои шаҳр равона карда мешавад. Мавриди зикр аст, ки тадбири мазкур дар доираи «Эълон намудани солҳои 2012-2015 ба сифати солҳои таъмиру бозсозии роҳҳо ва пиёдагардҳои ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо» андешида шудааст. Тибқи иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе, масофаи умумии роҳҳои шаҳри Душанбе –хиёбону кӯчаҳо 705, 6 км ва пиёдароҳҳо 329,4 км, дар маҷмӯъ 1035 км ташкил дода, масоҳати умумиашон 18 миллион метри мураббаъ мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






