Таҷлил аз Наврӯз дар Астрахан
Астрахан, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Мирзо Асозода).- Дар гӯшаю канори Русия баҳор дар вақтҳои гуногун фаро мерасад. Дирӯз дар боғи марказии фарҳангию истироҳатии «Аркадий»-и шаҳри Астрахани ФР бо ташаббуси роҳбарияти вилояти Астрахан ва шаҳрдории Астрахан иди Наврӯз таҷлил гардид. Дар маросими идона намояндагони ноҳияҳои мухталифи вилояти Астрахан, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва корхонаҳои гуногуни шаҳрию вилоятӣ, намояндагони миллату халқиятҳои сокини Астрахан ширкат намуданд. Дар намоишгоҳ гӯшаи тоҷикони Астрахан бо парчами Тоҷикистон ороста ва дар назди он дастархони идонаи миллии тоҷикӣ густурда шуда буд ва намоиши китобҳо аз осори адибони классик ва муосири тоҷик саҳнаро оро медод. Суруду навои тоҷикӣ дар фазои Астрахан дар ин рӯз танинандоз гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






