Таҷлили рӯзи байналмилалии оила дар Суғд
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 15 майи соли равон дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 20-солагии Иҷлосияи XYI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғибу ташвиқи оилаи солим, маърифати одоби оиладорӣ дар қаламрави вилояти Суғд Рӯзи байналмилалии оила ботантана ҷашн гирифта мешавад. Ҳайати кумитаи тадорукот таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Мавҷуда Бобоева ва нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ва баргузории ҷашн тасдиқ карда шуд. Ба иттилои манбаъ, дар давоми моҳҳои апрел-майи соли равон ташкил ва гузаронидани мизи мудаввар ва семинарҳо, сӯҳбату вохӯриҳо, маҳфилҳои адабӣ дар мавзӯи “Оилаи солим –пойдевори ҷомеаи солим”, “Мавқеи оила дар тарбияи фарзанди солим” ва “Пайванди наслҳо” аз тарафи шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раёсатҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, маориф ва тандурустӣ ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар назар аст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






