Таҷлили Рӯзи замин дар «Қаратоғ»
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). – Бо дастгирии Барномаи рушди СММ бахшида ба Рӯзи байналмилалии замин дар хоҷагии ҷангали «Қаратоғ» — и ноҳияи Турсунзода маросими ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Кормандони хоҷагии ҷангал ва шикори назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ дар масоҳати 1,5 гектар 500 ниҳоли санавбар, шафтолу, гелос, олуболу ва чормағз шинониданд. Тавре дар мудирияти хоҷагии ҷангал ва шикори назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ зикр намуданд, Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳифзи табиат ва истифодаи самарабахши сарватҳои табиӣ таваҷҷӯҳи хоса медиҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






