Тадбирҳои нави шаҳрдорӣ
Душанбе, 3 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар ҷаласаи кории шаҳрдорӣ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни дахли масоили хоҷагидории пойтахт бо хулоса аз натиҷаҳои зимистонгузаронӣ, инчунин эҳтимолияти боронҳои баҳорӣ ва омодагиҳо ба рафъи пайомадҳои табиӣ дастур дод, ки ситодҳои дахлдори ҳолатҳои фавқулодда дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои пойтахт ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ зери масъулияти роҳбарони аввали муассисаву идораҳо фаъолияти худро бо ҷалби техникаи лозимӣ ва ҳамоҳангӣ бо сохторҳои марбута тавсеа бахшанд. Вобаста ба масъалаи мазкур таваҷҷӯҳи раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони дигар субъектҳои масъули соҳавӣ ба ҳолати тозагӣ ва коршоямии каналу селпартоҳои марзгузари шаҳр ҷалб гардид ва супориш дода шуд, ки дар ин самт баҳри пешгирии оқибатҳои номатлуби селборишҳо фаъолияташонро пурзӯр намоянд.Ҳамзамон раиси шаҳр ба масъулини идораҳои марбута супориш дод, ки барои харидории техникаҳои хурди коммуналии тозакунандаи пиёдаравҳо бо анҷоми пажӯҳиши дақиқ унвонии раиси шаҳри Душанбе пешниҳод ирсол созанд.Тибқи иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи ғановати бозори истеъмолии шаҳр, ҷамъоварии андоз, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷавӣ, таъмири роҳҳои пойтахт ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди бахши иҷтимоии пойтахт баррасӣ шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






