Талаботи аҳолии Тоҷикистон ба орд
Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, талаботи солонаи аҳолӣ бо орд 1 млн. 500 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ёдовар мешавем, ки соли 2011 дар ҷумҳурӣ беш аз 600 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ гардид.Тибқи маълумоти Раёсати растанипарварии ин вазорат соли ҷорӣ аз ҳисоби зиёд кардани замини кишт ҳаҷми истеҳсоли ғалла, аз ҷумла гандум зиёд карда мешавад.Барномаи ғизо ва кишоварзӣ (ҒАО)-и СММ дар гузориши семоҳаи аввали соли 2012 –и худ ҷамъоварии ғалларо дар соли 2012 дар саросари дунё беш аз 690 млн. тонна пешгӯӣ кардааст. Аммо номусоидии обу ҳаво нишон медиҳад, ки соли ҷорӣ як қатор давлатҳои Аврупо шояд ба гирифтани ҳосили пешбинишуда муваффақ нашаванд. Аз ин рӯ нархи гандум дар бозори ҷаҳонӣ бетағйир мемонад.Соли 2011 ҶТ баробари ҷамъоварии ҳосили гандум, ки беш аз 600 ҳазор тоннаро ташкил дод, иловатан аз хориҷи кишвар ба андозаи 400 ҳазор тонна гандум ва 200 ҳазор тонна орд низ ворид намуда, қимати онро ба таври устувор нигоҳ дошт.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






