Таъмини бозори дохилӣ бо сементи хушсифат
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Тавре ки маълум аст, ҶММ «Ғаюр»-и ноҳияи Ёвон ва ширкати хитоии «Хуаксин Сентрал Эйша Инвестмент» дар якҷоягӣ ширкати муштараки «Хуаксин Ғаюр семент»-ро соли 2011 таъсис дода, дар ноҳияи Ёвон моҳи сентябри соли гузашта ба бунёди корхонаи семент шурӯъ намуданд, ки иқтидори солонаи он 1 млн. тонна семент ва ҳаҷми маблағгузорӣ 100 млн. долларро ташкил медиҳад.То имрӯз асосноккунии техникию иқтисодӣ анҷом дода шуда, дар айни замон 25 нафар мутахассиси хитойӣ ва 110 нафар коргари маҳаллӣ ба корҳои омодагӣ ва ҳамворкунӣ машғуланд. Маблағи корҳои иҷрошуда 10 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.Мавриди зикр аст, ки баъди ба истифода додани корхона зиёда аз 1000 нафар коргар бо ҷойҳои нави корӣ фаро гирифта мешавад ва бозори дохилӣ бо сементи хушсифати ватанӣ таъмин мегардад ва як қисми он ба хориҷи кишвар содир мешавад. Аз ин шумора 80 фоизи онро коргарони маҳаллӣ ва 20 фоизашро мутахассисони хитойӣ ташкил медиҳанд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






