Таъмини сокинони деҳот бо оби тозаи нӯшокӣ

Апрель 5, 2012 10:36

Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар доираи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006 «Дар бораи тасдиқи барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии кишвар бо оби поки нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020» сокинони маҳаллаи Хоҷаи Ҳалвоии ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент бо оби поки нӯшокӣ таъмин гаштанд.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки 68 хоҷагии маҳаллаи мазкур то ин дам оби нӯшокиро аз масофаи 2 км роҳ мекашониданд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бо маблағгузории ташкилоти башардӯстонаи «Глобалпартнерс» ва хизматрасонии аҳолии маҳалла аз масофаи 2 ҳазору 30 метр, аз мавзеи чашмаи Калламардак ба маҳаллаи Хоҷаи Ҳалвоӣ хати оби нӯшокӣ кашида шуд.

Апрель 5, 2012 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад