Тарғиби санъати тоҷик дар Доҳа
Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Аз 20 то 28 марти соли равон дар шаҳри Доҳаи Давлати Қатар Фестивали байналмилалии фарҳангӣ бо ҷалби беҳтарин гурӯҳҳои ҳунарии кишварҳои манотиқи гуногуни ҷаҳон баргузор гардид. Ташкил ва иштироки ҳунармандони Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» ба зимма дошт. Тибқи барномаи Фестивал ҳунарнамоии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 21 то 27 март баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши бошукӯҳи фарҳангӣ ҷониби Тоҷикистонро ҳунармандони ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғ.Валаматзода, гурӯҳи “Авесто” ва гурӯҳи мутрибон таҳти сарварии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Азалия Галиаҳмадова муаррифӣ намуданд. Ҳунарнамоии санъаткорони тоҷик, ки 25 ва 26 март ба таври алоҳида баргузор гардид, аз ҷониби тамошобинони сершумор гарму ҷӯшон пазироӣ гардид. Махсусан рақсҳои ҷаззоби гулдухтарони ансамбли “Лола”, суруду навозишҳои гурӯҳи “Авесто” ва дигар санъаткорон бори дигар фарҳангу ҳунари миллати моро манзури ҷаҳониён сохт. Ҷараёни чорабинӣ тавассути васоити ахбори умум ба таври васеъ инъикос гардид. Ширкати ҳунармандон дар ин ҳамоиши бошукӯҳ бори дигар собит сохт, ки фарҳангу ҳунар чун василаи муҳим баҳри ҳамгироӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангии кишварҳо хидмат менамояд. Ҳайати Тоҷикистон зимни чорабинӣ бо гурӯҳҳои ҳунарии дигар кишварҳо дидору мулоқот анҷом дод, ки он минбаъд баҳри вусъати ҳамкориҳо ва муаррифии санъату ҳунари тоҷик мусоидат хоҳад намуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сармутахассиси маркази матбуоти Вазорати фарҳанг Раҳматулло Раҳматуллоев хабар дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






