Тарбияи кадрҳои идораҳои махсуси СААД дар Русия

Апрель 4, 2012 10:37

Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Барои тарбияи кадрҳо ва такмили ихтисоси кормандони идораҳои назорати маводи нашъаовари давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) имкониятҳои донишкадаи ҳуқуқшиносии сибирии Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовар (ХФНМН) истифода мешаванд. Гурӯҳи корӣ оид ба ҳамкорӣ дар бахши тарбияи кадрҳои назди Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои СААД оид ба ҷилавгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари давлатҳои аъзои СААД дар иҷлосияе, ки дар шаҳри Красноярск баргузор гардид, дар ин маврид тасмим гирифтааст.Иштирокдорони иҷлосия амалияи мусбати ба сафари хидматӣ фиристодани омӯзгорони донишкадаҳои такмили ихтисоси Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари Русия, рӯи кор овардани семинарҳои байналмилалӣ, таҷрибаомӯзӣ дар заминаи муассисаҳои таълимӣ ва ниҳодҳои амалкунандаи идораҳои назорати маводи нашъаовари Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро эътироф намуданд.Хотирнишон месозем, ки ба Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Ӯзбекистон шомиланд.Дар ин бора Котиби матбуоти Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Владимир Зайниддинов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Апрель 4, 2012 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад