Тасдиқи Барномаи байнидавлатии ЕврАзЭС оид ба безараргардони партовгоҳҳо
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) Барномаи безараргардонии заминҳои аз истеҳсолоти уран таъсирдидаро тасдиқ намуд. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳуҷҷатро Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов имзо намуд. Татбиқи Барнома дар солҳои 2013-2018 ба нақша гирифта шуда, ҳаҷми умумии маблағгузории он 1 миллиарду 156 миллион рубли русиро ташкил медиҳад, аз ҷумла ҳиссаи ҷониби Русия 75 фоизи маблағи номбаршуда, Қазоқистон — 15 фоиз, Тоҷикистон ва Қирғизистон -мутаносибан панҷ фоизӣ. Тавре ки маълум аст, ҳанӯз аз давраи Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар мавзеи Табошар ва Кирғизистон – Хоҷӣ Сой ва Туюк-Су партовгоҳҳои истеҳсолоти ғанигардонии уран боқӣ мондаанд. Ин иншоот на танҳо метавонанд ба саломатии мардум зарар расонанд, балки сарчашмаи хатарноки экологии минтақа низ ба шумор мераванд. Аз ин ҷиҳат Барномаи мазкур имкон медиҳад, ки бо гузаронидани рекултиватсияи ин заминҳо хатари пайдоиши ҳолатҳои фавқулодда вобаста ба вазъи радиоэкологӣ камтар гардад. Тибқи Барнома барои корҳои безараргардонӣ 548 миллион рубли русӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 499 миллион рубл барои Ҷумҳурии Қирғизистон пешбинӣ мешавад. Инчунин қисми маблағ барои таҳияи системаи таъмини бехатарии радиатсионӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва идораи Барнома равона мегардад. Фармоишгар-ҳамоҳангсози Барнома корпоратсияи давлатии энергияи атомии «Росатом» муайян гардидааст. Аз ҷониби Тоҷикистон ҳамчун фармоишгар Вазорати энергетика ва саноат баромад мекунад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» муовини роҳбари департаменти сиёсати савдои котиботи ЕврАзЭС Абдулазиз Шарифов иттилоъ дод.








Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид






