Таъсиси ҷойҳои нави корӣ меафзояд?

Апрель 13, 2012 14:04

Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Тибқи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии ҶТ, соли равон дар миқёси ҷумҳурӣ бояд 121 ҳазору 351 ҷойи корӣ таъсис дода шавад. Ба иттилои шўъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар семоҳи аввали соли равон аз ҳамаи сарчашмаҳо 34 ҳазору 148 ҷойи корӣ дода шуд, ки 28,1 фоизи нақшаи барномаро ташкил медиҳад.  Вобаста ба соҳаҳои иқтисодиёт дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи сохтмон — 2933, саноат — 2326, кишоварзӣ -9402, нақлиёт ва алоқа — 631, савдо, хўроки умумӣ ва дигар соҳаҳо – 4656 ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Таҳлили сохтори ташкилии таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки аксари ҷойҳои нави корӣ (56,1%) ба бахши хусусӣ тааллуқ доранд.

Апрель 13, 2012 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад