Таъсиси маркази тавонбахшии маъюбон дар Норак
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти вазорат дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ ба маъюбон, кӯдакони имконияташон маҳдуд, бепарасторон ва таълими калонсолон бинои дуошёна бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011 аз тавозуни ҳукумати шахри Норак ба тавозуни Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.Маҷмаа аз 3 корпуси асосии дуошёна иборат буда, мувофиқи лоиҳаи пешниҳодшуда ба анҷом расонии корҳои тармиму таҷдид дар назар аст.Лоиҳаи мазкур барои ба аҳолӣ расонидани кӯмакҳои иҷтимоии мутамарказ дар маҷмаа пешбинӣ шуда, муносибати нав дар таъмини кӯмакҳои иҷтимоӣ аз таҷрибаи давлатҳои пешқадам мебошад.Дар чорабинӣ вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон — М. Маҳмадаминов, раиси шаҳри Норак Ҳ. Абдуллоев, роҳбарони сохторҳои вазорат ва шарикон аз ташкилотҳои байналмилалии хориҷӣ (Комиссияи Аврупо, Барномаи Рушди СММ, ЮНИСЕФ, Ҷамъияти Ҳамкории Олмон, АКТЕД, Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират), ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, иштирок варзиданд.Мақсади чорабинӣ ташкилотҳои донориро бо иншооти аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии Норак барои ҷобаҷогузории сохторҳои вазорат ҷудо кардашуда шинос намудан ва барои ҳамкориҳои минбаъда даъват ба амал овардан буд.Дар ошёнаи 1-уми Корпуси А маркази тавонбахшӣ барои 20-30 нафар кӯдаки имконияташон маҳдуд ташкил карда мешавад. Зарурати таъсиси марказ дар он аст, ки дар шаҳри Норак зиёда аз 230 нафар кӯдакони маъюб зиндагӣ доранд, ки аксари онҳо ба тавонбахшии иҷтимоӣ ниёзманданд. Дар таъсис ва фаъолияти марказ таҷрибаи марказҳои будубоши рӯзона дар дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки бо дастгирии Комиссияи Аврупо амалӣ шуда истодааст, истифода мешавад.Дар ошёнаи 1-уми Корпуси Б шӯъбаи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Норак ва шӯъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Норак ҷойгир мешаванд. Ба сабаби он, ки ба ин сохтор бештар нафақагирон ва маъюбон муроҷиат менамоянд, ошёнаи 1-уми он интихоб шудааст. Дар назар аст, ки дар марказ аз рӯи касбҳои омӯзиши компютер, дуредгарӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, барқчӣ, омӯзиши забони англисию русӣ барои муҳоҷирон, мураббия, кафшергар ва кулолгарӣ таълим дода мешавад. Талабот ба омӯзиши чунин касбҳо дар шаҳри Норак хеле зиёд аст.Инчунин дар доираи маҷмааи мазкур сохтмони боғчаи кӯдакон барои 40 ҷой бо дастгирии молиявии шарикон аз Ҷумҳурии Куриё дар назар аст.Дар ҷараёни муҳокима намояндагони ташкилотҳои хориҷии донорӣ ба лоиҳа таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, ба он баҳои баланд доданд ва ҷиҳати ҳамкорӣ омодагии хешро изҳор намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






