Татбиқи барномаи «БОМКА»

Апрель 13, 2012 09:23

Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тавре ки аз маркази робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, имрӯз семинари серӯзаи гурӯҳи минтақавии кори такмили фаъолияти воҳидҳои башаклдарории воситаҳои нашъадор корашро анҷом медиҳад.Ба иттилои манбаъ, мулоқоти мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Барномаи рушди СММ оид ба мусоидат ба идораи марзҳо дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) 11- уми апрел оғоз шуд ва имрӯз ба кори худ хотима мебахшад. Муовини аввали директори Агентии мазкур генерал –майор Вайсиддин Азаматов аз татбиқи барномаи мазкур ёдовар шуда, онро аз самарабахштарин барномаҳои зиддимуходиротии минтақа арзёбӣ намуд. Дар доираи барномаҳои «БОМКА» дар нуқтаҳои муҳими марзӣ таҷҳизоти замонавӣ насб гардида, ҷиҳати баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва такмили ихтисоси кормандон курсҳои минтақавӣ ва маҳаллӣ ташкил ёфтаанд, ки онҳо боиси самаранокии мубориза дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор маҳсуб меёбанд.

Апрель 13, 2012 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад