Таваллудхона бо техникаи нав муҷҷаҳаз мегардад
Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба гуфти сармутахассиси Раёсати тандурустии ҳукумати вилояти Суғд Ҷаъфар Маҳмадов, тавассути маблағҳои қарзии Бонки Рушди Саудӣ ба таваллудхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд ба маблағи 8 млн. доллари амрикоӣ таҷҳизоти техникӣ ворид гардид. Таҷҳизоти тиббӣ, ки аз 70 комплекси техникаи муосир иборат мебошад, дар таваллудхонаи мазкур насб карда мешавад. Дар айни замон корҳои таъмиру навсозии таваллудхонаи вилоятӣ идома дорад.Муассисаи тиббӣ дорои 210 кат буда, дар як моҳ беш аз 400 нафар занро барои таваллуд қабул менамояд. Дар давоми соли 2011 ва се моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 5 ҳазору 300 зан барои таваллуди фарзанди солим қабул карда шудааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






