Темур Зулфиқоров ва худшиносии миллӣ
Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо шоир, олим, драматург ва публитсист Темур Зулфиқоров баргузор гардид. Дар вохӯрӣ дар мавзӯи “Худшиносии миллӣ ва шуури таърихӣ” сӯҳбат ҷараён гирифт. Азбаски номбурда соҳиби 20 китоб мебошад, мавзӯи асосии сӯҳбат бо кормандони ин ниҳод атрофи илму дониш ва баҳрабардорӣ аз китобҳои тозанашр сурат гирифт. Таъкид гардид, ки шоирону адибон пулеро мемонанд, ки бо эҷоди осори пурғановат фарҳангу тамаддуни як кишварро бо кишвари дигар пайваст месозанд. Темур Зулфиқоров аз зумраи он шоиронест, ки бо таҳияи осори пурарзиш соҳиби нишону ифтихорномаҳо шуда, чандин асараш дар шакли намоишномаи театрӣ пешкаши тамошобинон гардидаанд. Дар робита ба ин ва дигар масъалаҳои эҷодӣ бо кормандони Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор ба миён омад. Мавриди зикр аст, ки дирӯз дар Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси навбатӣ гузаронида шуд, ки дар он шоир, олим, драматург ва публитсист Темур Зулфиқоров ҳузур дошт ва дар мавзӯи “Худшиносии миллӣ ва муҳаббат ба ватан» сухан гуфт.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






