«Тоҷикхориҷакор» ба кораш шурӯъ намуд
Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикхориҷакор» — и Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар Федератсияи Русия расман ба фаъолияташ шурӯъ намуд. Тавре, ки аз дафтари матбуоти Намояндагии Муҳоҷирати меҳнатии назди Ҳукумати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 20 апрел дар шаҳри Санкт – Петербург маросими ифтитоҳи намояндагии мазкур сурат гирифт. Рустам Олимов ва Соҷида Ибодова шахсони масъули намояндагӣ дар Маскав ва Санкт — Петербург таъин шуданд. Дар ҷараёни маросим ба манзури зудтар ҳал намудани вазифаҳои ташкилӣ барои таъсиси бунёди бимаи иҷтимоӣ, бунёди нафақа, тарҳрезии мансабҳо, дастурҳо барои ҳайати шахсӣ ва ғайра супоришҳо дода шуданд. Ҳамчунин вазифаҳои аввалиндараҷа ҷиҳати барқарор намудани равобит бо корфармоёни минтақа мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Мақсад аз таъсиси «Тоҷикхориҷакор» пешниҳоди иттилоот дар бораи ҷойҳои холии кор, расонидани кӯмак ва додани маслиҳат ҷиҳати ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷойҳои кор дар хориҷа, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар давраи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ғайра мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






