Тоҷикистон ҷодаашро то марзи Ӯзбекистон фарох месозад

Апрель 25, 2012 15:47

Душанбе, 25 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё /БРО/ доир ба лоиҳаи беҳтар намудани роҳи минтақавии автомобилгарди Душанбе-сарҳади Ӯзбекистон (CAREC- долони 3) –ро 25 апрел палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи навбатии худ тасдиқ намуд. — Ҳадафи Созишномаи мазкур барқарорсозӣ, васеъ сохтан ва беҳсозии роҳи автомобилгарди Душанбе — сарҳади Ӯзбекистон буда, инчунин барқарорсозии заҳбуру купрӯкҳоро дар бар мегирад,- гуфт Вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов зимни шарҳи санади мазкур дар назди вакилони парлумон. Мавсуф афзуд, ки лоиҳа 57 км долони Осиёи Марказиро дар бар гирифта, дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода татбиқ мегардад. Маблағи умумии лоиҳа 186 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз он маблағҳои грантии БРО 120 миллион доллари амрикоӣ, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 39 миллион доллари амрикоист. Инчунин гуфтушунид бо Бонки Рушд ва Таҷдиди Аврупо /БРТА/ доир ба нарасидани маблағҳои боқимонда дар доираи 27 миллион доллар ҷиҳати ҷалби қарзҳои имтиёзнок дар назар дошта шудааст. Вазири молияи кишвар зикр кард, ки имрӯз ин гуфтушунидҳо ба охир расидаанд ва мо ба мувофиқа омадаем ва БРТА дар татбиқи лоиҳа иштирок менамояд.   Вазири молия гуфт, ки барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар ин тарҳ 86 адад механизм ва таҷҳизоти гуногуни роҳсозӣ сафарбар мешавад. Инчунин 382 мутахассис ва роҳсоз, ки 195 нафарашон шаҳрванди Тоҷикистонанд, ба кор ҷалб мегарданд. Таҷдиди роҳи мазкур барои аҳолии қисмати ғарбии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад, зеро ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани он, инчунин барои ташкили марказҳои нави иқтисодӣ имконият фароҳам оварда, боиси рушди минтақа ва шаҳрҳои саноатӣ мегардад. Ин амр беваосита ба беҳбуди ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд. Дар натиҷаи рушди шабакаҳои роҳи автомобилгард дар ҷумҳурӣ ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, корхонаҳои нав, аз ҷумла нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, меҳмонхонаҳо, мағозаҳо ва иншооти вобаста ба рушди туризм сохта мешаванд. Татбиқи ин лоиҳа, ки Душанберо бо қисмати ғарбии ҷумҳурӣ то марзи Ӯзбекистон мепайвандад, барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон афзалият дорад. Баъди барқарорсозӣ ва фарох намудани роҳи мазкур қитъаи роҳи Душанбе –Турсунзода дорои чор хатти ҳаракати автомобил бо паҳноии 25 метр ва аз қитъаи роҳи Турсунзода то сарҳади Ӯзбекистон бо ду хатти ҳаракати нақлиёт бо паҳноии 15 метр мавриди истифода қарор мегирад. Мавриди зикр аст, ки раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва рушди ин соҳа яке аз се ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ин самт Ҳукумати мамлакат тадбирҳои зарурӣ меандешад, зеро 93 % қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил намуда, кишвари мо роҳи баҳрӣ надорад. Новобаста ба ин, шароит ва мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон барои боркашии байниминтақавӣ имкониятҳои хеле хубро дорост. Инчунин дорои шабакаҳои калони байниминтақавии роҳҳои автомобилгард дар доираи 13 ҳазор км аст, ки қариб 80% -и боркашии дохилии кишвар аз тариқи нақлиёти автомобилӣ сурат мегирад.

Апрель 25, 2012 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд