Тоҷикистон ҷодаашро то марзи Ӯзбекистон фарох месозад
Душанбе, 25 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё /БРО/ доир ба лоиҳаи беҳтар намудани роҳи минтақавии автомобилгарди Душанбе-сарҳади Ӯзбекистон (CAREC- долони 3) –ро 25 апрел палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи навбатии худ тасдиқ намуд. — Ҳадафи Созишномаи мазкур барқарорсозӣ, васеъ сохтан ва беҳсозии роҳи автомобилгарди Душанбе — сарҳади Ӯзбекистон буда, инчунин барқарорсозии заҳбуру купрӯкҳоро дар бар мегирад,- гуфт Вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов зимни шарҳи санади мазкур дар назди вакилони парлумон. Мавсуф афзуд, ки лоиҳа 57 км долони Осиёи Марказиро дар бар гирифта, дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода татбиқ мегардад. Маблағи умумии лоиҳа 186 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз он маблағҳои грантии БРО 120 миллион доллари амрикоӣ, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 39 миллион доллари амрикоист. Инчунин гуфтушунид бо Бонки Рушд ва Таҷдиди Аврупо /БРТА/ доир ба нарасидани маблағҳои боқимонда дар доираи 27 миллион доллар ҷиҳати ҷалби қарзҳои имтиёзнок дар назар дошта шудааст. Вазири молияи кишвар зикр кард, ки имрӯз ин гуфтушунидҳо ба охир расидаанд ва мо ба мувофиқа омадаем ва БРТА дар татбиқи лоиҳа иштирок менамояд. Вазири молия гуфт, ки барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар ин тарҳ 86 адад механизм ва таҷҳизоти гуногуни роҳсозӣ сафарбар мешавад. Инчунин 382 мутахассис ва роҳсоз, ки 195 нафарашон шаҳрванди Тоҷикистонанд, ба кор ҷалб мегарданд. Таҷдиди роҳи мазкур барои аҳолии қисмати ғарбии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад, зеро ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани он, инчунин барои ташкили марказҳои нави иқтисодӣ имконият фароҳам оварда, боиси рушди минтақа ва шаҳрҳои саноатӣ мегардад. Ин амр беваосита ба беҳбуди ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд. Дар натиҷаи рушди шабакаҳои роҳи автомобилгард дар ҷумҳурӣ ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, корхонаҳои нав, аз ҷумла нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, меҳмонхонаҳо, мағозаҳо ва иншооти вобаста ба рушди туризм сохта мешаванд. Татбиқи ин лоиҳа, ки Душанберо бо қисмати ғарбии ҷумҳурӣ то марзи Ӯзбекистон мепайвандад, барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон афзалият дорад. Баъди барқарорсозӣ ва фарох намудани роҳи мазкур қитъаи роҳи Душанбе –Турсунзода дорои чор хатти ҳаракати автомобил бо паҳноии 25 метр ва аз қитъаи роҳи Турсунзода то сарҳади Ӯзбекистон бо ду хатти ҳаракати нақлиёт бо паҳноии 15 метр мавриди истифода қарор мегирад. Мавриди зикр аст, ки раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва рушди ин соҳа яке аз се ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ин самт Ҳукумати мамлакат тадбирҳои зарурӣ меандешад, зеро 93 % қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил намуда, кишвари мо роҳи баҳрӣ надорад. Новобаста ба ин, шароит ва мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон барои боркашии байниминтақавӣ имкониятҳои хеле хубро дорост. Инчунин дорои шабакаҳои калони байниминтақавии роҳҳои автомобилгард дар доираи 13 ҳазор км аст, ки қариб 80% -и боркашии дохилии кишвар аз тариқи нақлиёти автомобилӣ сурат мегирад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






