Тоҷикистон дар ҷойи чорум
Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Лочин Файзуллоев, Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол ба кишвари сайру сайёҳат табдил меёбад. Агар чанд сол пештар аз 80 то 150 нафар чун сайёҳ аз Тоҷикистон дидан мекард, акнун танҳо соли 2011 шумораи сайёҳоне, ки орзуи дидани Тоҷикистонро дар дил мепарвариданд, беш аз 183 ҳазор нафарро ташкил дод. Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ чун кишвари дорои сулҳу субот, орому амн ва дар ҷараёни рушд қарор дошта шинохта шуд. Ин оромӣ в субот боис шуд то соҳаи туризм беш аз пеш рушд намояд. Ба иттилои манбаъ, соли сипаришудаи 2011 бо мақсади сайру сайёҳӣ аз Русия, ИМА, Чин, Фаронса, Ҷопон, Эрон, Туркия, Олмон, Кореяи Шимолӣ ва боз даҳҳо давлатҳои хурду бузург ба Тоҷикистон омада, аз ин кишвари афсонавӣ дидан намуданд.Ба андешаю таассуроти сайёҳон Тоҷикистон дар бахши ҷаҳонгардӣ шароити мусоид дошта, барои таҷрибаандӯзӣ беҳтарин кишвар дониста шудааст. Ин буд, ки маҷаллаи бритонёии сайёҳии «Вандерласт» (Wanderlost tourist magazine) феҳрасти тозаи «Кишварҳои барои сайёҳӣ ҷолибтарини ҷаҳон»-ро интишор намудааст, ки Тоҷикистон дар он ҷойи чорумро ишғол намудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






