Тоҷикистон содироти фулузоти қимматбаҳоро афзун намуд
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). – Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон содироти фулузоти қимматбаҳоро 2,1 баробар зиёд намуд.Дар давраи гузашта содироти фулузоти қимматбаҳо ва нимқимматбаҳо маблағи беш аз 26,8 миллион долларро ташкил дод, ки ин аз нишондоди ҳамин давраи соли гузашта баробари беш аз 14,1 миллион доллар зиёд аст.Мувофиқи маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон, алҳол дар ҷумҳурӣ бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ 8 корхонаи истихроҷи тилло кор мекунад. Корхонаи муштараки «Зарафшон» — и Тоҷикистону Чин калонтарини онҳо ба шумор меравад. Дар дохили ҷумҳурӣ харидорони асосии фулузоти қимматбаҳо Вазорати молияи ҶТ ва Бонки миллӣ маҳсуб мешаванд.Аз рӯи натиҷаи соли 2011 ҳаҷми захираи тиллои Бонки миллии Тоҷикистон 801,6 миллион долларро ташкил дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






