Вакилон Паёмро тавзеҳ медиҳанд

Апрель 23, 2012 13:09

Душанбе, 23 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат –Маҷлиси намояндагон аз 26 апрел то 6 май ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафари хизматӣ анҷом медиҳанд.  Қарор дар ин хусус 23 апрел дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон тасдиқ гардид. Вакилон зимни сафар ба минтақаҳои кишвар бо интихобкунандагон вохӯрда, доир ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар менамоянд.  Бояд зикр кард, ки 20 апрели соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба парлумони кишвар ироа намуд, ки он фарогири самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон мебошад. 

Апрель 23, 2012 13:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад