Варзиш бояд рушд ёбад

Апрель 16, 2012 16:24

Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Меҳрубон Сатторова),- Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон фаъолияташро ба баргузории чорабиниҳои сиёсию оммавӣ, иҷтимоӣ, тарбиявию фарҳангӣ, таблиғотӣ, хабарию варзишӣ ва солимгардонӣ равона намуд. Дар давоми моҳи январи соли ҷорӣ аз тарафи бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 54 маҷлису вохӯрӣ бо ҷавонон дар самти пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз қабили ҷинояткорӣ, қонуншиканӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, хариду фурӯши одамон ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар бо фарогирии 21 ҳазор нафар ҷавон доир гардид. Соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон ба шумор меравад. То 1 апрели соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят як маҷмааи варзишӣ, 1 ҳавзи шиноварӣ, 1 майдони варзишии замонавӣ, 1 маркази табобатии варзишӣ ва 26 толори варзишӣ ба маблағи зиёда аз 13 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд.Дар соҳа камбудиҳо низ мавҷуданд. Дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Сарбанд, ноҳияҳои Восеъ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Қубодиён, Носири Хусрав ва Ҷиликӯл барномаҳои соҳа аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ маблағгузорӣ нагардида, чорабинихое, ки дар Барномаҳои мазкур пешбинӣ шудаанд, баргузор нагардиданд. Бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияҳои Восеъ, Ховалинг, Панҷ, Мӯъминобод, Хуросон, Қубодиён ва Шаҳритус то ҳол биноҳои алоҳидаи худро надоранд. Инчунин воҳиди кории алоҳида барои пешбурди соҳаи туризм дар раёсат ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мавҷуд нест.

Апрель 16, 2012 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад