Варзиш— муаррификунандаи миллат
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — 25 апрел раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби аввали раиси кумита олимпӣ Маликшо Неъматов ба Собирҷон Назаров ва Ҷаҳон Қурбонов ба маблағи 5000 сомонӣ ва ба Парвиз Одинаев 25 000 сомонӣ тӯҳфаи молиявии Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро супорид.Варзиш омили муҳими муаррифии қавму миллат ба ҳисоб меравад,- таъкид кард раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов дар ҳамоише, ки дирӯз дар толори дастгоҳи марказии кумита ба шарофати барандагони роҳхати олимпӣ сурат гирифт. Тайи чанд соли охир соҳаи варзиши мамлакат бо дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат ва ҳукумати мамлакат рушду густариш ёфт. «Маҳз натиҷаи ҳамин дастгириҳост, ки варзишгарони кишвар зимни ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ натиҷаҳои хуби варзишӣ ба даст оварда, боиси партавафшонии Парчами кишвар ва садо додани Суруди миллӣ дар кишварҳои гуногуни олам мегарданд», — зикр намуд Маликшо Неъматов. Маликшо Неъматов варзишгаронро бо дастовардҳои варзишиашон табрик гуфта, ба онҳо дар Бозиҳои олимпии Лондон-2012 пирӯзӣ таманно намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






