Варзишгарони 20 давлат ба Душанбе меоянд
Душанбе, 11 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ба ифтихори Рӯзи пойтахт бори нахуст дар Тоҷикистон аз 27 то 29 апрели соли 2012 таҳти сарпарастии шаҳрдории Душанбе чемпионати 6-уми Осиё доир ба таэквон-до бо иштироки 300 нафар таэквандочӣ (ИТФ) доир мегардад. Макони баргузории чорабинии байналмилалӣ Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар он беҳтарин дастаҳои таэквандочии 20 кишвари Осиё, назири Тоҷикистон, Русия, Чин, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Непал, Ҷопон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Муғулистон, Индонезия, Куриёи Шимолӣ, Куриёи Ҷанубӣ, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок менамоянд. Назар ба иттилои Шавкат Саидов- котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе ҳадаф аз баргузории чемпионати 6-уми Осиё дар Душанбе рушди варзиш, оммавият ва тарғиби варзиши таэквандо (ИТФ) буда, он дар таҳкими дӯстӣ ва муносиботи судманди кишварҳои осиёӣ, бахусус шаҳрҳое, ки бо Душанбе бародаршаҳранд, нақши арзишманд хоҳад гузошт. Мавриди зикр аст, ки ҳамасола Рӯзи пойтахт шанбеи сеюми моҳи апрел бо ташкил ва баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ бо иштироки намояндагони шаҳрҳои бародаршаҳри Душанбе ва аҳли пойтахт таҷлил мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






