ВКД шиканҷаро аз ҷониби кормандон қотеъона маҳкум менамояд
Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Вазорати корҳои дохилӣ бо мақсади риояи қонуният пешгирии расонидани зарар ба саломатӣ ва шиканҷаро аз ҷониби кормандон қотеъона маҳкум менамояд. Маҳз ба ҳамин хотир дар РКД шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкамбой Маҳмудов ва меҳмонони дигар мақомоти дахлдор чорабинии фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Дар чорабинӣ зикр шуд, ки кормандони милитсия пеш аз ҳама бо гумонбаршудагон муомилаи инсондӯстона дошта бошанд, шиканҷа ва зӯровариро раво набинанд, барои саломатии онҳо ҷавобгӯ бошанд. Аз ҷумла, сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе полковники милитсия Абдураҳмон Бузмаков иброз дошт, ки бо мақсади пешгирии чунин кору амалҳои номатлуб пайваста дар байни ҳайати шахсӣ сӯҳбату вохӯриҳо доир мешавад. Дар охир иштирокчиён гуфтанд, ки аз байн бурдани шиканҷа ва зӯроварӣ нисбат ба дастгиршудагон пеш аз ҳама барои баланд гаштани обрӯи мақомоти қудратӣ мусоидат намуда, аҳли ҷомеа ба онҳо эътимод пайдо менамояд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






