Вохӯрӣ бо коргардони амрикоӣ
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров ). – 27 апрел дар Хонаи кино (воқеъ дар кинотеатри Зебунисо) бо коргардони амрикоӣ хонум Элизабет Ҷеймс Ҳавиланд вохӯрӣ баргузор мегардад. Ин чорабинӣ бо ибтикори шӯъбаи равобит бо аҳли ҷамъияти Сафорати ИМА дар ҶТ ва бо мадади Хонаи кино сурат гирифта, зимни он филми «Таърихи муҳаббат» намоиш дода мешавад. Коргардони бахши филмҳои мустанад Элизабет Ҷеймс Ҳавиланд, ки дорои якчанд мукофот мебошад, дар шаҳри Дареми иёлати Каролинаи Шимолии Амрико кор мекунад. Номбурда продюсер ва мушовири филми «Қосид Лавиния» мебошад, ки моҳи сентябри соли 2011 намоиш дода шуда буд. Элизабет дар баробари фаъолияташ ба ҳайси коргардон дар Маркази Донишгоҳи Дюк аз назарияи офаридани филмҳои мустанад дарс медиҳад. Дар ин бора аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






