Вохӯрӣ бо намояндагони СММ
Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар оғози вохӯрие, ки 2 апрели соли равон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, муовини аввали вазир Ҳамидуллохон Фақеров аз ташрифи меҳмонон- Намояндаи минтақавии Комиссариати Олии СММ доир ба ҳуқуқи инсон А.Арутюнян ва мушовир доир ба ҳуқуқи инсон Л.Захариева хуш пазироӣ намуд. Ҳ.Фақеров аз ҳамкориҳои самарабахши соҳа миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои бонуфузи СММ, аз ҷумла Комиссариати ҳукуқи инсон ибрози назар кард. А.Арутюнян бо изҳори сипос аз пазироӣ зикр намуд, ки баргузории чунин вохӯриҳо дар сатҳи баланд, бешак, барои самаранок ва сари вақт амалӣ гардидани лоиҳаҳои ҳамкорӣ мусоидат хоҳанд кард. Дар ҷараёни вохӯрӣ таъкид гардид, ки мавҷудияти заминаи мусоиди ҳуқуқӣ дар ҳар кишвар асоси пешравии иқтисод, беҳбудии иҷтимоиёт, ҷалби сармояи хориҷиву таъсиси ҷойҳои кории холӣ мегардад. Дар ин замина ҳамчунин дар мавриди Эъломияи нафақахӯрон, Эъломияи ба мубориза алайҳи зӯроварӣ ва шиканҷа ибрози назар карда шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






