Вохӯрии Гул Шералӣ бо Сяодун

Апрель 19, 2012 16:44

Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо ҳайати Шӯрои миллии Ҷумҳурии Мардуми Чин доир ба энергетика ва барқ бо роҳбарии муовини сардори Институти умумичиноии илмию тадқиқотӣ доир ба нерӯи барқ ҷаноби Сюй Сяодун баргузор гардид.  Гул Шералӣ доир ба захираҳои энергетикии ҷумҳурӣ, шароити таъмини ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ, маҳдудияти он дар фасли тирамоҳу зимистон ва имконияти тавлиди зиёди нерӯи барқ дар мавсими тобистон, сохтмони ХИБ-ҳо дар ҷумҳурӣ, лоиҳаи минтақавии CASA – 1000 ибрози назар намуда, роҳандозии ҳамкориҳоро миёни ду кишвар дар самти энергетика ва саноат мавриди мақсад арзёбӣ намуд. Ҷаноби Сюй Сяодун пешниҳоди лоиҳаҳоро дар соҳаҳои энергетика, саноат ва баррасии онҳоро дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай муҳим арзёбӣ намуда, ҳамчунин доир ба масъалаҳои сармоягузорӣ, густариши муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар соҳаи энергетика, барқ ва дар доираи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ибрози назар намуд. Ҷонибҳо аз натиҷаи вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки ҳамкориҳои дуҷониба минбаъд низ густариш хоҳанд ёфт. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноат иттилоъ доданд.

Апрель 19, 2012 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад