Вохӯрии М. Асрорӣ бо номбардорони миллат
Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-19 апрели соли равон дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири фарҳанги кишвар Мирзошоҳрух Асрорӣ бо ҳунармандони тоҷик- ғолибони озмунҳои байналмилалӣ: Муҳаммад-Алӣ Маҳмадов – барандаи ҷоизаи «Звёзды Содружества», Парвин Юсуфӣ – барандаи ҷоизаи аввал ва ҷоизаи таваҷҷӯҳи тамошобинони фестивали байналмилалии мусиқии ҷаз- «Корвон» дар шаҳри Бишкек ва Абдувалӣ Абдурашидов – ғолиби фестивали байналмилалии мусиқӣ дар шаҳри Порис баргузор гардид. М. Асрорӣ ҳунармандони номбурдаро бо муваффақиятҳояшон самимона табрик намуда, ба онҳо арзи сипос намуд. Вазир ҳамчунин иброз дошт, ки имрӯз обрӯ ва эътибори миллату давлати соҳибистиқлоламон маҳз тавассути аҳли фарҳангу ҳунар ва илму адаб дар миқёси байналмилалӣ тақвият меёбад. Ҳунармандон дар бораи ширкати худ дар озмунҳо нақл намуданд. Дар вохӯрӣ мушкилоти мавҷудаи соҳаи фарҳанги ҷумҳурӣ ва роҳҳои ҳалли он баррасӣ шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сармутахассиси маркази матбуоти Вазорати фарҳанг Раҳматулло Раҳматуллоев иттилоъ дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






