Вохӯрии муфид
Рашт, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Мирзосафар Ризвонов).- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» Комиссияи ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро вазифадор менамояд, ки корҳои таблиғотию ташвиқотиро доир ба пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон пурзӯр намояд.Ба ин хотир комиссия дар ҳамбастагӣ бо дастгоҳи шӯъбаи маориф ва раёсати корҳои дохилии ноҳия ва минтақаи Рашт дар 10 таълимгоҳи ноҳия бо омӯзгорон ва хонандагони мактабӣ мулоқоти судманд анҷом дод. Шурӯъ аз соли 2011 дар фаъолияти комиссияи ҳуқуқи кӯдак пешравиҳои назаррас дида мешавад. Дастгирии кӯдакони маъюб ва бо 15 аробача таъмин намудани онҳо, таъмини таҷҳизоти компютерӣ ба муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва масъулине, ки ба ҳифзу манфиати кӯдакон сару кор доранд, инчунин ташкили чорабиниҳои фарҳангию бадеӣ барои кӯдакони маъюб далели фаъолияти хуби комиссияанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






