Вохӯрии роҳбарияти Хатлон бо донишҷӯён

Апрель 26, 2012 15:26

Қӯрғонтеппа, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Имрӯз, 26 апрел, дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти вилояти Хатлон бо донишҷӯёни донишкадаҳои олии пойтахт, ки барандаи квотаи Сарвари Давлат мебошанд, баргузор мегардад. Қобили зикр аст, ки чунин вохӯриҳо ҳар сол сурат гирифта ва дар ҷараёни онҳо масъалаҳои марбут ба донишҷӯён мавриди муҳокима қарор мегиранд. Алҳол донишҷӯёни квотадори вилояти Хатлон дар 13 донишкадаи олии пойтахт, ҳамчунин дар донишгоҳҳои шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб таҳсил мекунанд. Тавре аз шӯъбаи иттилооту таҳлили маъмурияти вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, чунин вохӯриҳо тайи 2 рӯзи оянда дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб низ баргузор мешаванд.

Апрель 26, 2012 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад