Вохӯрии Рустами Эмомалӣ бо доварон
Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо довароне, ки хидматрасонии бозиҳои мусобиқоти ҷумҳурӣ дар Лигаи олиро ба ӯҳда доранд, сӯҳбат намуд. Роҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон ба доварон масъулияту вазифаҳояшонро дар давраи мусобиқот бори дигар хотирнишон сохт. «Мо ба Кумитаи доварони Федератсия боварии комил дошта ва умедворем, ки шумо дар ҷараёни мусобиқот зимни хидматрасонӣ боэътимоду озодона рафтор мекунед. Шуморо даъват менамоям, ки дар ин мавсими мусобиқот бо камоли кордонӣ кор кунед. Бигузор дастаҳое ғолибони мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол гарданд, ки аз бисёр ҷиҳат шоистаи он бошанд», — гуфт Рустами Эмомалӣ.Дар мулоқот ноиби аввали президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон Валерий Турсунов, дабири кулли Федератсия Фирдавс Файзуллоев ва раиси Кумитаи доварони Федератсияи Футболи Тоҷикистон Абдураҳим Бобоев низ ширкат доштанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






