Вуруди ҳайати баландпояи Давлати Қатар ба Тоҷикистон
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Субҳи имрӯз, 26 -уми апрел ҳайати баландпояи Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баррасии лоиҳаи «Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар доир ба ҷалби муташаккилона ва истифодаи муҳоҷирони меҳнатӣ» ташриф овард.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти гумрук хабар доданд, зимни сафар қарор аст лоиҳаи «Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хукумати Давлати Қатар доир ба ҷалби муташаккилона ва истифодаи муҳоҷирони меҳнатӣ», ки Хадамоти муҳоҷират онро таҳия намудааст, мавриди баррасӣ ва мувофиқаи тарафҳо қарор гирад. Дар ҷараёни сафар дар назар аст, ки меҳмонон аз маконҳои таърихӣ ва дастовардҳои фарҳангии Тоҷикистон низ дидан намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






