Вусъати кишти баҳорӣ дар Суғд
Суғд, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Дар маъракаи имсолаи кишту кори баҳорӣ дар вилоят кишти зироат наздик дар 175 ҳазор гектар дар назар аст. Аз он 65 ҳазор гектар пунбадона буда, қисми дигар асосан ба кишти ғалла, сабзавот, картошка ва зироати хӯроки чорво ҷудо карда шудааст. Дар давоми ҳафта дар вилояти Суғд наздик дар 6 ҳазор гектар кишти пахта анҷом ёфт, ки асосан навъҳои «Хуҷанд-67», «Ориёц», «Ирам», С-6530, «Исфисор-2», «Неъмат», «Сорбон» кишт карда шуд. Картошкаи тухмӣ, ки қариб 33000 тонна захира шудааст, дар 8500 гектар дар ҳудуди вилоят дар ноҳияҳои асосии картошкапарварӣ, навъҳои серҳосилу серғизои «Кардинал», «Пикассо», «Санта», «Невский», «Кондор», «Диамен» ва «Шукрона» кишт карда мешавад. Интихобу истифодаи навъҳои тухмиҳои хушсифату серҳосил омили ҳалкунандаи зиёд кардани боздеьи замин, фаровонӣ ва гирифтани манфиати иқтисодист.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






