Вусъати корҳо дар нақби «Чормағзак»
Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Сохтмони нақби «Чормағзак», ки дар ҳошияи лоиҳаи навсозии роҳи мошингарди Душанбе — Ваҳдат — Данғара сурат мегирад, вусъат меёбад.Тавре ки дар маркази татбиқи лоиҳаи навсозии роҳи мошингарди «Душанбе – Чаноқ» — и Вазорати нақлиёти ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сабаби вусъати нақбканӣ гармшавии обу ҳаво мебошад. Қобили зикр аст, ки баъди ба истифода додани нақби «Чормағзак» масофаи роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат — Кӯлоб нисбат ба масофаи роҳи Душанбе — Қӯрғонтеппа — Кӯлоб баробари 100 километр кӯтоҳ мегардад. Мувофиқи нақша масофаи умумии ин нақб 4 ҳазору 430 метрро ташкил медиҳад. Лоиҳаи мазкур аз ҳисоби қарзи Ҳукумати Чин дар амал татбиқ карда мешавад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






