«Як ҳафтаи фараҳбахш»
Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова ).- Аз 2 то 9 апрели соли равон дар маъмурияти Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Фестивали миллии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» ва намоиши китобӣ таҳти унвони «Як ҳафтаи фараҳбахш» баргузор мегардад. Дар фестивал намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон, намоиш ва фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр, сӯҳбати наврасон бо адибон, қироати порчаҳо аз ашъори адибон ва саҳнаҳои театрикунонидашуда доир ба Наврӯз бо иштироки толибилмони болаёқат намоиш дода мешавад. Мавриди зикр аст, ки оғозу ҷамъбаст ва рӯзҳои дигари Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тибқи нақшаи китобхонаҳо баргузор мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






