Якуми май — иди баҳор ва меҳнат
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон 1 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон ё иди баҳору меҳнат таҷлил карда мешавад.1 май дар Тоҷикистон рӯзи истироҳат аст. Чун 1 май ба рӯзи муқаррарии корӣ ва маҳз ба рӯзи сешанбе рост меояд, мувофиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» ин рӯз ба вақти дигар гузаронида намешавад ва мардуми Тоҷикистон як рӯз истироҳат мекунанд. Дар ин бора мудири шӯъбаи ҳуқуқи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзиев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод. Қобили зикр аст, ки якуми май ё унвонҳои дигар, аз қабили Рӯзи меҳнат, Рӯзи баҳор, Иди Баҳор ва меҳнат, Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон дар 142 кишвару ҳудудҳои ҷаҳон 1 май ё дар рӯзи душанбеи аввали моҳи май таҷлил карда мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






