Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар Кӯлоб
Кӯлоб, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Раёсату шӯъбаҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо шӯъбаҳои кор бо ҷавонони шаҳру ноҳияҳо ва кордиҳандагон дар се моҳи соли ҷорӣ 27 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузарониданд, ки дар онҳо 278 корхона иштирок намуда, 4668 ҷойи кории холӣ ва вазифаҳои озодро пешниҳод карданд. Бино ба иттилои сардори раёсати мазкур Сайдаҳмад Пириев тавассути ин ярмаркаҳо 383 нафар ба касобмӯзӣ, 197 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 156 нафар ба кори доимӣ ҷалб гардиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






