Ярмаркаи «Маорифи Русия»
Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). – Бо ибтикори Сафорати Федератсияи Русия дар ҶТ, Намояндагии ҳамкории Русия дар Тоҷикистон ва бо иштироки Вазорати маорифи ҶТ аз 5 то 7 апрел дар Маркази илму фарҳанги Русия воқеъ дар шаҳри Душанбе аввалин намоишгоҳ — ярмаркаи таълимии «Маорифи Русия» баргузор мегардад. Дар ярмарка донишкадаҳои асосии олии техникию гуманитарии Русия иштирок менамоянд. Ғайр аз ин Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маорифи ҶТ, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва ғайра нигораҳо ва барномаҳои таълимии худро ба маърази намоиш мегузоранд. Дар рӯзҳои зикршуда ҳамчунин мулоқоти ҳайати Русия бо вазири маорифи ҶТ Н. Саидов ва имзои созишномаҳои дуҷонибаи байни донишкадаҳои олии Русия ва муассисаҳои таълимии Тоҷикистон аз қабили Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Академияи маорифи Тоҷикистон дар назар аст. Дар ин бора аз Маркази илму фарҳанги Русия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






